recipe, amitriptyline online uk
Please wait while JT SlideShow is loading images...
Kasri MillatIsmoili SomonyPeak Somony Mountain
English (United Kingdom)Точики

News/Press Release

27.08.2015 | Meeting of the President with the Commander of U.S. Central Command, General Lloyd Austin III

Today, President of the country Emomali Rahmon received the Commander of the Central Command of the United States of America, General Lloyd Austin III.

At the meeting the sides discussed issues of multifaceted cooperation of Tajikistan and the United States, primarily in the fields of defense and regional security.

President Emomali Rahmon at the beginning of the conversation, in particular, said "today, bilateral interstate agenda of Tajikistan and the United States covers a variety of issues, however, among them a special place is occupied by issues relating to peace and stability in our region, because they are closely connected with the situation in Afghanistan."

Lloyd Austin III highly appreciated the contribution of Tajikistan to ensuring peace and stability in the Central Asian region and to the promotion of international peacekeeping forces in Afghanistan, on behalf of the American leadership expressed his gratitude to the Head of Tajikistan and the people of the country.

It was stressed that Tajikistan with its key position in the region and an extended line of the border with Afghanistan is at the front position of the fight against the spread of terrorism, extremism, drug trafficking and other serious threats.

The commander of the Central Command of the United States reiterated America's strong position with respect to consistent support of Tajikistan's efforts to protect and promote social and political stability, economic development and expansion of fruitful regional cooperation in Central Asia.

At the meeting were also held talks on the current situation and prospects of its development in the hot spots of the Middle East, taking of joint preventive actions against modern threats and challenges, as well as other relevant issues.

 
20.08.2015 | Beginning of official visit of the President of Tajikistan to Turkmenistan
Official visit of the President of Tajikistan Emomali Rahmon to Turkmenistan began this morning with a welcoming ceremony at the Ashgabat Independence Square.

To welcom the distinguished guest - the President of the Republic of Tajikistan Emomali Rahmon, this attractive square was decorated with the National Flags of the two countries, guard of honor and the orchestra of wind instruments.

Distinguished guest - President of Tajikistan Emomali Rahmon was met by President of Turkmenistan Gurbanguly Berdymukhamedov who invited him to the honorary tribune.

Afterwards, official welcoming ceremony continued with a report of the commander of the guard of honor, the performance of National Anthems of the two countries, the passage of the two presidents before the honor guard, a tribute of the high-ranking guest to the National Flag of the host country, greeting to the officers and soldiers of the Honour Guard, and the introduction of the official delegations of the two countries as well as the diplomatic corps accredited in Ashgabat and ended with the passage of the Guard of Honour before the two Heads of state.

The issues related to the development of friendly relations and expansion of mutually beneficial cooperation were discussed at the first meeting of Emomali Rahmon and Gurbanguly Berdimuhamedov in the narrow format.

President of Turkmenistan emphasized that "we consider your official visit to our country as important, as Turkmenistan and Tajikistan have similar views on many regional and global issues, particularly in the defense of peace, tranquility and stability". Berdimuhamedov highly appreciated the development of bilateral cooperation in the fields of trade, economy, energy, transport, industries, scientific and cultural domains, and stressed that it serves mutual interests.

President of Tajikistan Emomali Rahmon, pointing to the importance of the proximity of the positions of Tajikistan and Turkmenistan on many international issues, including countering terrorism, extremism and other global threats, stressed that such proximity is a good basis for expansion of political, trade-economic, investment and cultural ties.

They also expressed confidence that today's meetings and negotiations will actively promote the development of relations between the two friendly countries.

It is expected that as a result of meetings and negotiations at the highest level will be signed 5 new documents on cooperation in the fields of health, television and radio, and library.

 
03.08.2015 | The meeting of Tajik Foreign Minister with the U.S. Ambassador

On August 3, 2015 the Minister of Foreign Affairs of the Republic of Tajikistan Sirodjidin Aslov met the U.S. Ambassador to the Republic of Tajikistan  Susan Elliott.

During the meeting the sides exchanged views on bilateral relations and other subjects of mutual interest, and discussed security and religious freedom issues in the country as well.

At the end of the meeting, the Minister of Foreign Affairs expressed his gratitude to American side for rendering aids to Tajikistan, particularly for helping to cope with the aftermath of natural disasters in the country.

 
24.07.2015 | Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай

24 июли соли 2015 дар Пекин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезенсев вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ натиҷаҳои Саммити СҲШ-ро, ки 8-9 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Уфа доир гардид, баррасӣ намуданд. С.Аслов омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолияти Котиботи Созмон таъкид кард.

 
23.07.2015 | Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин

23 июли соли 2015 дар Пекин дар доираи сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов музокироти ӯ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И баргузор гардид.

Дар рафти музокирот доираи васеи муносибатҳои Тоҷикистону Чин, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, энергетика, маориф, фарҳанг ва рушди захираҳои башарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зарурати идомаи ҳамоҳангсозии бештар миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ барои татбиқи амалии қарорҳое, ки қаблан аз ҷониби раҳбарони ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин қабул гардида буданд, таъкид гардид.

Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар инчунин перомуни масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули назар карда, рағбати худро ҷиҳати таҳким ва густариши ҳамкориҳо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ таъкид намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба вазъият дар Афғонистон зоҳир карда шуд.

Дар фарҷоми музокирот ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин,  ки бемайлон густариш меёбанд, баҳои баланд доданд.  

Музокирот дар фазои озод ва ҳусни эътимод, ки хосси муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Чин мебошад, баргузор шуданд.

 
22.07.2015 | Мақолаи Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон

Сироҷиддин Аслов,
Вазири корҳои хориҷии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санади қутбнамои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳар як кишвари соҳибистиқлол сиёсати хориҷии худро бо дарназардошти манфиатҳои давлатию миллӣ ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳадаф, вазифа ва самтҳои сиёсати хориҷиаш бо ҷараёни инкишофу таҳаввули вазъи геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳони муосир ҳамқадам ва ҳамнаво бошанд. Вобаста ба ин, санадҳои марбут ба пешбурду татбиқи сиёсати хориҷӣ бо мурури замон ва ба тақозои дигаргуниҳое, ки дар арсаи байналмилалӣ ба вуҷуд меоянд,тағйиру такмил меёбанд ё санади наве дар ин замина таҳия ва қабул карда мешавад.  

Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳанӯз моҳи сентябри  соли 2002  Консепсияи сиёсати хориҷии худро тасдиқ ва мавриди амал қарор дода буд, ки он моҳиятан ҳикмат ва ҳадафҳои фаъолияти давлати моро дар арсаи байналмилалӣ таҷассум намуда, роҳу василаҳои татбиқи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекард.

Дар тӯли марҳилаи беш аз даҳсолае, ки аз қабули Консепсияи сиёсати хориҷӣ гузашт, дар минтақа ва ҷаҳон раванди босуръати таҳаввулоту дигаргуниҳои сиёсиву иқтисодӣ ва амниятӣ идома пайдо кард.

Дар ин росто, пеш аз ҳама бояд тазаккур дод, ки низоми амниятии фарогир рахнаи бештар пайдо карда, ташаннуҷу нооромиҳо дар гӯшаву канори дунё афзоиш ёфтанд. Таҳдиду чолишҳои гуногун, бахусус доман густурдани терроризми байналмилалӣ, боло гирифтани тундгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, зиёд шудани тавлиди маводди мухаддир ва қочоқи он, тавсеаи ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ чун авомили барҳамзанандаи амну субот боиси нигарониҳои беш аз пеш гардид.

Ҳамчунин, бӯҳронҳои молиявию иқтисодӣ, мушкилоти муҳитзистӣ, ҳаводиси техногенӣ ва ба ин монанд мушкилоти дигар ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти башарият ба таври чашмгир таъсир гузоштанд. Гузашта аз ин, раванди ҷаҳонишавӣ вусъати рӯзафзун пайдо карда, дар баробари мусоидат ба муносибатҳои наздики халқу кишварҳо ва ташаккули низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ миёни онҳо, ҳамзамон пайомадҳои номатлуберо, аз қабили амиқтар шудани фарқи байни кишварҳои пешрафта ва ақибмонда, шиддат гирифтани фишор ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангии халқҳо ва ғайра ба бор овард. Фузун бар ин, таҳти таъсири бевоситаи раванди ҷаҳонишавӣ мушкилот ва хатару чолишҳои замони муосир низ хусусияти глобалӣ касб карда, ба  омилҳои нигаронкунандаи ҷомеи инсонӣ табдил ёфтаанд.

Пайдост, ки дар ин давраи ҳассос сиёсати хориҷии Тоҷикистон бояд бо дарназардошти таҳаввулоти ҷаҳони муосир ва таҳдиду чолишҳои мавҷуда татбиқ гардад ва ҳифзи манфиатҳои стратегии давлат ва миллатро дар арсаи байналмилалӣ таъмин намояд. Аз ин ҷост, ки зарурати таҷдиди назар ба Консепсияи амалкунандаи сиёсати хориҷӣ пеш омад. Бо ишора ба ин матлаб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии барномавии худ ҳангоми вохӯрӣ бо кормандони дипломатии кишвар, ки 15 марти соли 2013 ба ифтихори ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сурат гирифт, зарурати таҳияи Консепсияи нави сиёсати хориҷии мамлакатро махсус таъкид намуда, ба Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии кишвар дастур доданд, ки лоиҳаи онро таҳия намоянд.

Дар ростои иҷрои ин супориш, Консепсияи нави сиёсати хориҷии кишвар дар партави ҳидояту раҳнамоиҳои Сарвари давлат таҳия гардида, пас аз баррасӣ ва муҳокима аз ҷониби ниҳодҳои дахлдори кишвар бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Консепсияи нав аз чор фасли зерин иборат аст: 
1. Муқаррароти умумӣ
2. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ 
3. Авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
4. Таҳия ва татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бахши  “Муқаррароти умумӣ” заминаҳои ҳуқуқии Консепсия ва принсипҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро дар асоси онҳо амалӣ месозад, баён гардида, ҳамзамон манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати хориҷӣ дар марҳилаи кунунӣ ва ояндаи наздик ба таври зер муайян шудаанд:

- ҳимоя ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва  таъмини амнияти миллии он; эҷоди навори амният ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар тӯли марзҳои кишвар;

- инкишофи муносибатҳои боварӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои олам дар асоси манфиатҳои мутақобила;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини амнияти иқтисодии кишвар;

- таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон, дастёб шудан ба амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар;

- таъмин ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо, эътибор ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар;

- тақвияти шинохти мусбати Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳайси давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд;

- мусоидат ба фаъолияти созанда ва қонунии ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанон дар кишварҳои дигар.

Асосҳои консептуалии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби“ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ” таъкид шудаанд. Аз ҷумла, дар инқисмат, ҳифзи манфиатҳои стратегии кишвар дар арсаи байналмилалӣ чун ҳадафи аслӣ ва асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон муайян шуда, роҳҳои амалишавии ин ҳадаф, аз ҷумла фароҳамсозии шароити мусоиди берунӣ ҷиҳати рушду инкишофи устувори кишвар, мусоидат ба пойдории беш аз пеши пояҳои истиқлолияту соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон ва саъю талошҳои пайгирона дар роҳи пайдо кардани ризоият ва манфиатҳои мутақобила бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар раванди ҳалли иҷрои вазифаҳои авлавиятноки ин сиёсат баён ёфтааст.

Таҷрибаи роҳандозии сиёсати хориҷии бисёрсамтӣ дар тӯли солҳои Истиқлолият нишон дод, ки ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд бо кишварҳои гуногуни олам ва қутбҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир ба таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, рушди сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, таъмини амнияти миллӣ ва касби ҷойгоҳи шоиста дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуд. Идомаи ин сиёсат, ки  муносибати неки Тоҷикистонро ба ҳама миллатҳо ва кишварҳои ҷаҳон ва барқарории ҳамкориҳои мутақобилан судманди онро бо ҳамаи шарикони минтақавию байналмилалӣ ифода мекунад, дар марҳилаи ҳассоси сиёсиву амниятии минтақа ва ҷаҳони имрӯз низ ба манфиатҳои олии давлативу миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ аст. Бино бар ин, дар Консепсия сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун сиёсати хориҷии мустақили бисёрсамтӣ, ки ба эҳтироми бечунучарои ҳуқуқи байналмилалӣ асос ёфта ваба таври воқеъбинона ва амалгароёна татбиқ мегардад, муайян шудааст. Ин сиёсат моҳиятан сиёсати “дарҳои кушода”, сулҳхоҳона ва беғараз арзёбӣ гардидааст, киҳадафи густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистонро бо ҳамаи кишварҳои дуру наздик дар асоси баробарӣ, эътирофи манфиатҳои тарафайн ва эҳтироми ҳамдигар   пайгирӣ мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолиятҳои хориҷӣ ва робита бо ҷаҳони муосир ҳамавақт паймонҳои байнидавлатӣ ва меъёрҳои эътироф гардидаи ҳуқуқи байналмилалиро ба асос мегирад. Ин пойбандӣ ба аҳкоми ҳуқуқи байналмилалӣ боиси шаффоф ва қобили пешгӯӣ будани сиёсати хориҷии кишвар аст, ки ин матлаб дар Консепсия дарҷ ёфтааст.

Дар ин санад ҳамчунин заминаҳои консептуалии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистондар муносибатҳои байнидавлатӣ бо кишварҳои ҳаммарз ва минтақа чун дӯстӣ, накӯҳамсоягӣ ва адами мудохила ба корҳои дохилии якдигар муайян шуда, эҷоди навори эътимоду амният дар тӯли марзҳои кишвар аз ҳадафҳои ин сиёсат муаррифӣ шудааст. Фузун бар ин, таъкид шудааст, ки ин сиёсат дар ҳалли масъалаҳои баҳснок, аз ҷумла масоили сарҳадӣ ва обу энергетика ба ҳалли осоиштаи онҳоба воситаи музокироту гуфтушунидҳо, ҳусни тафоҳуми ҷонибҳои дахлдор ва эътирофи усули баробарӣ ва тақсимнопазирии амният дар минтақа такя мекунад.

Дар низоми муносибатҳои байналмилалии ҷаҳони муосирравандҳои ҳамгироии сиёсиву иқтисодии бисёрҷониба ва гуногунсатҳ вусъати рӯзафзун пайдо кардаанд. Бино бар ин, дар Консепсия яке аз ҳадафҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъмини иштироки густурдаи кишвар дар фаъолияти созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ муайян шудааст, то бад-ин васила Тоҷикистон дар таҳкими амнияту субот ва ҳамкориву муколамаи созандаи байналмилалӣ ҳатталимкон саҳм гузорад ва имкониятҳои созмонҳои мазкурро барои рушди устувори кишвар ҷалб намояд.

Бо дарназардошти тавсеаи равандҳои муҳими геополитикии минтақавию байналмилалӣ ва глобализатсионии ҷаҳони муосир, дар Консепсия назари усулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин равандҳо баён гардида, таъкид шудааст, ки Тоҷикистон риояи тавозуни байни раванди ҷаҳонишавӣ ва манфиатҳои миллии ҳар як кишвар, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли ҳар як давлат, фароҳам сохтани имкониятҳои баробар, низоми амниятии фарогир ва мақоми сазовори ҳамаи кишварҳо ва халқҳоро, сарфи назар аз иқтидор, нақш ва мартабаи онҳо дар тақсимоти геополитикии нерӯҳо, ба ҳайси асоситарин ва муҳимтарин меъёрҳои ҳаёти ягонаи байналмилалӣ дар амал мешиносад ва итминон дорад, ки ҷаҳонишавӣ ва манфиатҳои миллии кишварҳо бояд якдигарро пурра созанд ва кафили боэътимоди рушди устувори муносибатҳои байналмилалӣ бошанд.

Дар Консепсия мавқеи усулииҶумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳалли низоъҳои сиёсиву ҳарбӣ, хушунату зӯроварӣ ва таассубу бадбинии милливу диниву фарҳангӣ, ки имрӯзҳо дар нуқоти гуногуни олам ба назар мерасанд,матраҳ гардида, аз ҷумла, таъкид гардидааст, ки низоми нави ташаккулёбандаи ҷаҳонӣ бояд бар ҳамкориву шарокати баробар ва мутақобилан судманди ҳамаи кишварҳои ҷаҳон асос ёбад, ҳама гуна хатарҳо бар сулҳу субот ва амнияти ҷаҳониву минтақавӣбо роҳи созишу муколамаи созанда ва бар асоси аҳкоми  ҳуқуқи байналмилалӣ, пеш аз ҳама Ойинномаи СММ бартараф карда шавад. Дар баробари ин,ҷонибдории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани манфиатҳои миллӣ ва кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид намудани саъю талошҳои ҳамаи давлатҳо барои омода намудани вокуниши муносиб дар баробари таҳдид ва хатарҳои замони муосир, аз қабилимубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, қочоқи силоҳ, тундгароии мазҳабӣ ва ғайрабаён шудааст.

Бахши "Авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки ба чанд боб тақсим мешавад, ба баёни самтҳои мушаххаси сиёсати бисёрсамтии Тоҷикистон тахсис ёфтааст.

Яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии равобити дарозмуддату босубот бо шарикони анъанавии он – давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилмаҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, дар Консепсия таъкид шудааст, ки Тоҷикистон бо дарназардошти консепсияи ҳамгироии гуногунсуръату гуногунсатҳ дар доираиИттиҳоди мазкур барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо онҳо саъй хоҳад намуд.

Дар ин росто, дар Консепсия таҳкими равобити дӯстона ва шарокати стратегӣ бо Федератсияи Россиядар бахшҳои сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳангию иттилоотӣ, илму маориф ва самтҳои дигар ҷавобгӯйи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омили муҳимми таъмини сулҳу суботи минтақавӣ арзёбӣ гардидааст.

Тавре маълум аст, Тоҷикистон, ҳамеша ҷонибдори ҳамгироии густурдаи минтақавӣ буда, онро аз муҳимтарин василаҳои ҳалли масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ, њифзи муњити зист ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ меҳисобад. Дар Консепсия, бо ишораба умумияти ҳадафҳо ва вазифаҳое, ки дар назди давлатҳои минтақа қарор доранд, зарурати рушду тавсеаи муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Ӯзбекистон,Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистонбар пояи эътимод, дӯстӣ ва ҳамкории судманд пешбинӣ шудааст.

Муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ирода ва талошҳои ду ҷониб то ба сатҳи шарокати стратегӣ расидаанд ва заминаи мусоидро барои тавсеаи рӯзафзуниҳамкориҳои гуногунҷанбаи сиёсию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣва фарҳангӣ фароҳам овардаанд. Бино бар ин,дар Консепсия идомаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ин кишвар посухгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва азмуҳимтарин вазифаҳои сиёсати хориҷии  кишвар арзёбӣ гардидааст.

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз оғози Истиқлолият то кунун муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи муштаракоти таърихӣ, забонӣ ва фарҳангӣ ҷойгоҳи хосса дошта, Консепсияи нави сиёсати хориҷӣ идома ва таҳкими беш аз пеши ин муносибатҳоро пешбинӣ кардааст.

Густариши равобит бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва баҳрабардорӣ аз таҷрибаи фаровони онҳо ҷиҳати мусоидат ба рушди сиёсиву иқтисодии минбаъдаи Тоҷикистонва тадриҷан ворид шудани иқтисоди миллӣ ба низоми равобити иқтисодииҷаҳонӣ аҳамияти вежа дорад. Ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои мазкур дар Консепсия зарурати таҳкими хусусияти шарикии муносибатҳо бо ШМА ва тавсеаи ҳамкориҳои дарозмуддати устувор бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои узви он, ба ҳайси яке аз ҳамкорони муҳимми иқтисодии Тоҷикистон, пешбинӣ гардидааст.

Муносибатҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар роҳи ҷалби сармоя ва баҳрабардории Тоҷикистон аз бозорҳои рӯ ба инкишофи тиҷорат, фановарӣ, маҳсулоти саноатӣ, ҳамчунин истифода аз имконоти транзитии онҳо  мусоидат хоҳанд кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳони араб ва ислом, хоссатан ҷанбаҳои иқтисодиву тиҷоратии ин ҳамкориҳо манфиатдор буда, ин самт дар Консепсия аз ҷумлаи самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии кишвар дониста шудааст.

Таҷрибае, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои Истиқлолият дар татбиқи сиёсати хориҷӣ андӯхт, имрӯз имкон медиҳад, ки самтҳои нав ва ояндадори ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун бо кишварҳои Америкаи Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубӣ, кишварҳои арабии шимоли Африқо,баъзе аз кишварҳои марказиву ҷанубии ин қитъа, ҳамчунин кишварҳои самти Уқёнусия эҷод ва роҳандозӣ шаванд. Бино бар ин, дар Консепсия баҳрабардориҳо аз ҳамкориҳои имконпазир дар самтҳои мазкур  аз вазифаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор омадааст.

Дар назария ва амалияи сиёсати хориҷӣ дар баробари муносибатҳои дуҷониба имрӯз дипломатияи бисёрҷониба, ки роҳандозӣ ва тавсеаи муносибатҳо бо созмону ниҳодҳои минтақавию байналмилалиро ифода мекунад, аҳамияти беш аз пеш касб намудааст.

Равандҳои бесобиқаи ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии сиёсиву иқтисодӣ дар ҷаҳон, инчунин зуҳури хатару чолишҳои гуногун ҳамкориву иқдомҳои муштарак ва ҳамоҳангиҳои фарогири кишварҳоро дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҷиҳати эҷоди низоми пойдору одилонаи байналмилалӣ, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳо ва рафъи мушкилоти глобалии ҷаҳони муосирталаб мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси узви фаъоли анҷумани давлатҳои мутамаддин иштироки фаъолона ва саҳми созандаро дар фаъолияти ин созмонҳои минтақавию байналмилалӣ аз ҳадафҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии худ меҳисобад.

Ин нукта дар фасли "Дипломатияи бисёрҷониба"-и Консепсия мавриди тазаккур қарор гирифта, тавсеаи ҳамкориҳо бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Муколамаи Ҳамкории Осиё, МашваратиҲамкорӣ ва Тадбирҳои Боварӣ дар Осиё ва ниҳодҳои минтақавиву байналмилалии молиявӣ ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллии кишвар дониста шудааст.

Тоҷикистон зимни ҷонибдорӣ аз нақши СММ чун ягона ниҳоди танзимкунандаи муносибатҳои байналмилалӣ ва тасмимгириҳо вобаста ба амалиёти дастҷамъона дар мавриди ҳифзи сулҳ ва таҳкими амнияти низоми байналмилалӣ.

Таъмину пуштибонии манфиатҳои миллӣ ва пешбурди фаъолонаи ташаббусу иқдомоти созандаи Тоҷикистон дар СММ, муассиса ва ниҳодҳои тахассусии он, аз ҷумла ЮНЕСКО, инчунин саъю талош ҷиҳати касби узвияти Тоҷикистон дар мақомот ва сохторҳои интихобии СММ аз вазифаҳои калидии сиёсати хориҷии кишвар маҳсуб мегардад.

Бад-ин гуна, дар Консепсия ҳадаф ва вазифаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар мавриди ширкати кишвар дар фаъолияти созмонҳои дигар низ баён гардидаанд, ки дар сархатти онҳо ҳимоя ва пешбурди манфиатҳои миллӣ дар чаҳорчӯби ин созмонҳо қарор доранд.

Бо дарназардошти афзудани нақши навъҳо ва самтҳои алоҳидаи дипломатия дар сиёсати байналмилалии муосир ва зарурати  муайян кардани вазифаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ин самтҳо дар Консепсия бахшҳои алоҳида ба “Дипломатияи иқтисодӣ”, “Дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об”, “Дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстона” ва “Дипломатияи иттилоотӣ”тахсис ёфтаанд, ки дар матни Консепсияи пешин ҳузур надоштанд.

Аз ҷумла, бо ишора ба таҳаввулоти босуръати геоиқтисодии замони муосир ва болоравии мақоми унсури иқтисодӣ дар  масъалаҳои умдаи сиёсати байналмилалӣ, истифодаи самарабахши василаҳои дипломатияи иқтисодӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои милливу давлатӣ яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон дониста шудааст. Дар ин росто ҳадафи дипломатияи иқтисодии Тоҷикистон мусоидат ба ташаккули иқтисодиёти самаранок тавассути ҷалби сармояи хориҷӣ, ҳамгироии Тоҷикистон ба иқтисодиёти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин таъмини амнияти иқтисодии кишвар муаррифӣ гардида, ба мақсади тавсеаи робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи иқтисодии хориҷӣ ва роҳандозии ҳамкории байналмилалии иқтисодӣ зарурати иҷрои номгӯи мушаххаси вазифаҳо таъкид шудааст.

Дар бахши марбут бадипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обмавқеи усулии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба истифодаи захираҳои обӣ баён шудааст. Ин мавқеъ ба принсипҳои накӯҳамсоягӣ, эҳтиром ва дарки воқеии манфиатҳои мутақобила, муколама ва ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷуда асос ёфтааст. Вобаста ба ин, дар Консепсия изҳор шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари болооб ва  манбаи асосии ташаккули захираҳои обии Осиёи Марказӣ, ҳеҷ гоҳ барои таъмини минтақа бо об хатар эҷод намекунад. Бо дарназардошти ин, яке аз вазифаҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии  Тоҷикистон мусоидат ба таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар ва саъю талош ҷиҳати ҳалли мушкилот  дар ин самт дар рӯҳияи ҳамкориву шарокати баробарнафъи минтақавӣмуайян шудааст.    

Бо ҳидоят ва ибтикороти хушоянди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар солҳои Истиқлолият дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ба таври густурда роҳандозӣ намуд, ки ҳадафи онтаъкиди зарурат ва талқини ғояи ҳамкории созанда дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об ҷиҳати бақои ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст. Идомаи чунин дипломатияи созанда ва ибтикороти хушоянд дар соҳаи об ҳам ба манфиатҳои миллӣ ва ҳам ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ  созгор аст. Дарвоқеъ, баргузорӣ ва натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба арзёбии натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” 2005-2015 бори дигар нақши созандаи кишвари мо ва Президенти онро дар масъалаҳои марбут ба об дар минтақа ва дар арсаи байналмилалӣ таъйид намуд.

Роҳандозии дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстона имрӯз  яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки ҳадафҳои асосии он мусоидат ба таъмини ҳастии маънавӣ ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои асили миллии фарҳангиву ахлоқии халқи тоҷик, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳайси кишвари дорои фарҳангу тамаддуни қадима ва давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд, тавсеаи ҳамкориҳои самарабахши фарҳангию башардӯстона бо кишварҳои олам ба мақсади таҳкими шинохти мусбати Тоҷикистон ва мардуми он, мебошад. Дар Консепсия вазифаҳои мушаххаси сиёсати хориҷии кишвар ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо мушаххасан зикр шудаанд.

Мусаллам аст, ки фазои иттилоотии ҷаҳонӣ имрӯз ба саҳнаи бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангию динии марказҳои қудрати дунёи муосир ва абзори муассири фароҳам овардани афкори омма ва самт додани он ба нафъи доираҳои муайян табдил ёфтааст.Дар ин шароит дипломатияи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат ба таъмини амнияти иттилоотии кишварро ҳадафи асосии худ қарор дода, дар доираи пайгирӣ ва татбиқи ин ҳадаф вазифаҳои муайянро ба ӯҳда дорад, ки онҳо дар Консепсия зикр шудаанд.

Дар боби ахири Консепсия - “Таҳия ва татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди таҳия ва татбиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дарҷ ёфта, мақоми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоде, ки мустақиман раванди сиёсати хориҷиро амалӣ намуда, нақши ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи Тоҷикистонро дар дохил ва берун аз кишвар дар мавриди масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ба уҳда дорад, таъкид гардидааст. Ҳамзамон, ҷиҳати такмили абзори ташаккули сиёсати хориҷӣ дар ин бахши Консепсия таъсиси Шӯро оид ба сиёсати хориҷӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мақоми машваратӣ пешбинӣ шудааст, ки он аз дастури Роҳбари давлат дар вохӯрӣ бо кормандони дипломатии кишвар ба ифтихори ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бармеояд.

Ҳамин тариқ, таҳаввулоти манзараи геополитикии ҷаҳони муосир ва рушди босуръати равандҳои байналмилалӣ боис гардиданд, ки Консепсияи нави сиёсати хориҷии кишвар таҳия ва қабул шавад.

Табиист, ки қабули ин санади қутбнамо маънои тағйири куллӣ ва ё бунёдии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро надорад, балки идомаи арзишҳо,унсурҳои зотӣ, ҳадафҳо ва самтҳои озмудашудаи ин сиёсатро дар назар дорад, таҷдиду такмили вазифаҳо ва абзору василаҳои татбиқи онро дар шароити ҳассосу тағйирпазири ҷаҳони муосир пешбинӣ мекунад, самаранокии беҳтарро аз татбиқи сиёсати хориҷӣ ва масъулияти бештарро аз ниҳодҳои татбиқкунандаи он тақозо дорад.

Қабул шудани Консепсияи нави сиёсати хориҷии Тоҷикистон Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари давлатиро водор месозад, ки саъю кӯшишашонро ба амалӣ намудани муқаррароти ин санади муҳим равона намуда, бад-ин васила дар татбиқи сиёсати дурнигаронаи Сарвари давлат саҳми муносиб гузоранд.

 
10.07.2015 | Meeting of the Foreign Minister with the UN Deputy Secretary General

Today, on July 10, 2015 in Ufa, "on the sidelines" of the Shanghai Cooperation Organization (SCO) Heads of State Council Meeting, the Minister of Foreign Affairs of the Republic of Tajikistan Sirodjidin Aslov met with the UN Deputy Secretary General on Political Affairs Jeffrey Feltman.

During the meeting the sides exchanged views on cooperation between Tajikistan and UN, discussed the Agenda of the next session of the UN General Assembly.

IMG 4755 FOR WEB 700 SIZE

 
04.07.2015 | Congratulatory telegram to the President of the United States Barack Obama

04.07.2015 09:07, Dushanbe city

President of Tajikistan Emomali Rahmon sent a congratulatory telegram to the President of the United States Barack Obama, which states in particular:
"Your Excellency, Please accept my sincere congratulations on the occasion of national holiday of your country - 239th anniversary of the Independence Day of the United States.
Tajikistan remains interested in expanding long-term, stable and friendly relations of cooperation with the United States, pays continuous attention to the state of bilateral cooperation. It is gratifying that today the process of mutually beneficial cooperation between Tajikistan and the United States covers many areas, including political, security, military sphere, humanitarian, social and economic trade areas. In this regard, we positively view fruitful cooperation in ensuring regional stability and security, the fight against global challenges and threats.
I am convinced that in the near future through the efforts of both sides our cooperation will cover new aspects of mutually beneficial cooperation. Our side will work in this direction.
With the best wishes to Mr. President, I wish You good health and new successes, and the friendly people of America - happiness and prosperity.

 
26.06.2015 | Meeting of the Foreign Minister with Head of OSCE Office in Tajikistan

On June 26, 2015 the Minister of Foreign Affairs of the Republic of Tajikistan Sirodjidin Aslov met with Head of Organization for Security and Co-operation in Europe (OSCE) Office in Tajikistan Ambassador Markus Mueller.

During the meeting the issues of future cooperation between Tajikistan and the OSCE in the framework of OSCE projects and programs in Tajikistan were discussed.

DSC 69799999

 
25.06.2015 | Meeting with Head of the UN Regional Centre

On 25 March 2015 Minister of Foreign Affairs of the Republic of Tajikistan Sirodjidin Aslov has received the Special Representative of the UN Secretary General, Head of the UN Regional Centre for Preventive Diplomacy for Central Asia (UNRCCA) Petko Draganov.

During the meeting a wide range of issues regarding regional cooperation in the fields of security, economy, transport, environmental protection, as well as other issues of mutual interest have been discussed.

DSC 6979999

 
24.06.2015 | Meeting with the UN Resident Coordinator in Tajikistan

On June 24, 2015 the Minister of Foreign Affairs of the Republic of Tajikistan Sirodjidin Aslov met with UN Resident Coordinator and UNDP Resident Representative in Tajikistan Alexander Zuev.

During the meeting the issues of cooperation between Tajikistan and the United Nations institutions, as well as the implementation of UNDP projects and programs in Tajikistan in 2015 and the results of High-Level International Conference on the implementation of the International Decade for Action 'Water for Life', 2005-2015 (9-11 June 2015 in Dushanbe) have been discussed.

DSC 6965

 
12.06.2015 | Meeting of the Deputy Minister of Foreign Affairs with the Vice President of the European Investment Bank

Read more...

 
11.06.2015 | Meeting of the Minister of Foreign Affairs with Director of United Nations Office for the Coordination of Humanitarian Affairs

Read more...

 
10.06.2015 | Meeting with the EU Special Representative

Read more...

 
10.06.2015 | Meeting with Executive Secretary of UN Economic Commission for Europe

Read more...

 

president

mfa_tj

 

tajik 03 01

govinvest-logo en

Follow us